Баррасии дурнамои ҳамкориҳо дар вохӯрии раиси «Амонатбонк» бо намояндаи ХБА

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон раиси Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова бо намояндаи нави доимии Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар Тоҷикистон Айдин Биболов мулоқот орост. Бино ба итттилои расида аз БДА «Амонатбонк», дар ҷараёни мулоқот масоили умумии марбут ба вазъи иқтисод дар ҷумҳурӣ ва тарзҳои роҳандозии хизматгузориҳои муосири бонкӣ дар вазъи кунунӣ, дурнамои рушди онҳо […]

Пайрав Чоршанбиев


Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон раиси Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова бо намояндаи нави доимии Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар Тоҷикистон Айдин Биболов мулоқот орост.

Бино ба итттилои расида аз БДА «Амонатбонк», дар ҷараёни мулоқот масоили умумии марбут ба вазъи иқтисод дар ҷумҳурӣ ва тарзҳои роҳандозии хизматгузориҳои муосири бонкӣ дар вазъи кунунӣ, дурнамои рушди онҳо ва вижагиҳои фаъолияти бонк ҳамчун агенти давлатӣ баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ба вазъи бозори асъори Тоҷикистон, танзими гардиши асъори хориҷӣ ва афзалиятнокии асъори миллӣ миёни аҳолии кишвар зимни дастрас кардани хизматгузориҳои бонкӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ атрофи масоили марҳилаҳои асосии ҳамкории минбаъдаи мутақобилаи БДА «Амонатбонк» ва ХБА табодули назар сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.