Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Суғд раҳсипор шуд

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар кард. Дар оғози сафар Сарвари давлат ба ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара ташриф оварда, як зумра иншооти нави иҷтимоию фарҳангӣ ва иқтисодиро ифтитоҳ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матибуоти сарвари давлат, нахуст бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Лангари ин ҷамоат, ки беш аз […]

ASIA-Plus


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар кард. Дар оғози сафар Сарвари давлат ба ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара ташриф оварда, як зумра иншооти нави иҷтимоию фарҳангӣ ва иқтисодиро ифтитоҳ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матибуоти сарвари давлат, нахуст бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Лангари ин ҷамоат, ки беш аз 7 ҳазор аҳолӣ дорад, мактаби нави сеошёна барои 720 хонанда дар 2 баст мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, деҳаи Лангар яке аз маҳаллаҳои калонтарини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ буда, аз замони шӯравӣ то имрӯз дар он мактаб вуҷуд надоштааст. То имрӯз наздики 1800 нафар хонандагон 3-4 километр масофаро тай карда, барои таҳсил ба мактаби деҳаи Сари бозор мерафтанд.

Ин мактаб бо харҷи 2 миллиону 650 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, дорои 12 синфхона, аз ҷумла синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ ва компютерӣ мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти шумораи зиёди аҳолӣ дар ин деҳа ба масъулини соҳа дастур дод, ки соли оянда сохтмони як бинои иловагии таълимӣ ва толори варзиширо дар ҳудуди ин мактаб оғоз намоянд, то ки наздики 1,5 ҳазор хонанда дар 2 баст фаро гирифта шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.