Ӯзбекистон ба гуноҳи худ дар садамаи қатораи Тоҷикистон иқрор шуд

Комиссияи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таҳқиқи сабабҳои ба садама дучор шудани қатораи самти Душанбе-Хуҷанд ба чунин хулосае расид, ки  садама бо гуноҳи роҳиоҳанчиёни ӯзбек рух додааст. Аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар доданд, ки роҳиоҳанчиёни ӯзбек эътироф намудаанд, ки саривақт ҳамтоҳои тоҷики худро дар бораи баргузории корҳои таъмир […]

Пайрав Чоршанбиев


Комиссияи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таҳқиқи сабабҳои

ба садама дучор шудани

қатораи самти Душанбе-Хуҷанд ба чунин хулосае расид, ки  садама бо гуноҳи роҳиоҳанчиёни ӯзбек рух додааст.

Аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар доданд, ки роҳиоҳанчиёни ӯзбек эътироф намудаанд, ки саривақт ҳамтоҳои тоҷики худро дар бораи баргузории корҳои таъмир дар ин қитъаи роҳ огоҳ накардаанд.

Ба иттилои манбаъ, Ӯзбекистон пардохти тамоми хароҷоти марбут ба таъмири қатораи Тоҷикистонро ба дӯш гирифтааст. Айни замон ҷонибҳо масъалаи ҷудо кардани ҷубронпулӣ ба мусофирони осебдидаи қатораро баррасӣ доранд.

Ёдрас мекунем, ки соати 09:40 дақиқаи рӯзи 10-уми октябр қатораи масири Душанбе-Хуҷанд дар қаламрави Ӯзбекистон ба садама дучор шуд. Панҷ вагони ин қатора дар ноҳияи Ғаллаарали вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон аз роҳи оҳан берун рафта, сарнагун шуда буд. Шоми дирӯз бо як ҳайати қатора мусофирони қатораи мавриди садама дучоргардида ба ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мунтақил гардидаанд, ки 33 нафарашон ҷароҳатбардоштагон будаанд.

Дар корхона зикр крда буданд, ки ин қатора ҳамчун хатсайри доимӣ амал накарда, бо дархости Вазорати мудофиа ба роҳ баромад ва ду рӯз қабл аз сафар бо наваскарону афсарон роҳиоҳанчиёни тоҷик ҳамтоҳои ӯзбеки худро дар бораи замони убури қатора дар қаламрави Ӯзбекистон тавассути телефонограмма огаҳ карда будаанд.

Ҳафтае пеш бо ҳамин тарз тавассути қаламрави Ӯзбекистон қатора бо навасакарон ба шимоли ҷумҳурӣ сафарбар шуда, то нуқтаи таъинот бидуни мушкилие расид, аммо ин дафъа Тоҷикистонро дар бораи корҳои таъмир огаҳ накардаанд, ҳарчанд ҷониби Ӯзбекистон аз ин огоҳ карда шуда будааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.