Коҳиши ҳаҷми истеҳсол ва коркарди сабзавоту мева дар шимоли ҷумҳурӣ


Корхонаҳои коркарди сабзавоту меваи вилояти Суғд аз кам ба фурӯш рафтани маҳсулоти худ дар бозори дохилӣ шикоят мекунанд.

Ҳамин ҳафта вохӯрии навбатии Шӯрои машваратии назди раиси вилояти Суғд оид ба беҳбуди вазъи фурӯши маҳсулоти истеҳсолкунандаи маҳаллӣ доир гардида, зимни суханронӣ дар он муовини раиси вилоят Ҷамшед Норинов дар робита ба ин масъала изҳор намуд, ки истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ яке аз самтҳои асосии рушди иқтисод буда, вале ахиран ҷараёни рушди он ғайриқаноатбахш аст.

Вохӯрӣ бо иштироки ҳудуди 50 нафар соҳибкорон, намояндагони мақомоти андозу гумрук ва дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ озодонаву ошкор сурат гирифта, зикр гардид, ки маҳсулоти маҳаллӣ дар фурӯшгоҳҳои начандон қобили таваҷҷуҳ ба фурӯш гузошта шуда, харидорон бештар ба маҳсулоти хориҷии супермаркетҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Дар навбати худ, роҳбарони супермаркетҳо изҳор намуданд, ки истеҳсолкунандаи маҳаллӣ ба шакли зоҳирии бандубасти маҳсулоти худ аҳамият нмедиҳад ва то ҳанӯз аксари маҳсулот дар зарфҳои шишагӣ истеҳсол гардида, бинобар ин, ин навъи маҳсулот дар рафҳои поёни фурӯшгоҳ гузошта мешавад.

Доктори улуми иқтисодӣ, профессор Азизулло Авезов дар ин робита чунин ибрози андеша намуд, ки дар сатҳи зарурӣ огаҳ набудани харидорон дар бораи афзалиятҳои маҳсулоти маҳаллӣ, шакли ғайриқаноатбахши зоҳирии бандубасти маҳсулот, камбуди мутахассисони вразида дар ин соҳа, мавҷуд набудани стратегияи рушд, ноустувории сифати маҳсулот, таҷҳизоти кӯҳнаву фарсуда, норасоии воситаҳои молиявӣ ва ғайра аз мушкилотҳое мебошанд, ки ба кам шудани истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти корхонаҳои коркарди сабзавоту меваи вилоят боис гардидаанд.

Намояндагони супермаркетҳо шикоят карданд, ки бо нархҳои бозори «Панҷшанбе» дар рақобат буда наметавонанд, зеро маҳсулот ба ин бозор бештар тариқи қочоқ ворид шуда, нархаш ҳам нисбатан пасттар мешавад. Намояндаи Раёсати гумруки вилоят дар посух ба ин масъала зикр кард, ки далелҳои интиқоли ғайриқонунии маҳсулот воқеъан ҳам ҷой доранд ва баҳри пешгирии он соҳибкоронро ба ҳамкорӣ даъват намуд.

Ба гуфтаи котиби масъули Шӯрои машваратӣ Фотеҳ Махсумов, чунин вохӯриҳо дар маҷмӯъ ба беҳбуди муколама миёни ҳукумат ва бахши хусусӣ мусоидат мекунанд. «Барои аз иқтисоду муҳосиботи «пасипардагӣ» берун омадани соҳибкорон, роҳандозии ҳамкории муассири фурӯшгоҳҳо бо истеҳсолкунандагони маҳаллӣ мебояд ҳамаҷониба тадбирҳо андешид, вале ба назар мерасад, ки бахши хусусӣ дар ин масъала чандон фаъолу манфиатдор нест. Барои онҳо фарқ надорад, ки ба куҷо маблағ пардохт мекунанд, ба буҷети давлатӣ ё ба ришвахӯрон, муҳимаш ба онҳо кордор набошанд», – иброз дошт Ф.Махсумов.

spot_imgspot_img

Популярное