Ҳеҷ касе аз Ҳукумовҳо ба аёдати ҷабрдидагон аз садама нарафтааст

spot_imgspot_img

Дата:


Шокир Маталиеви 26-сола ва Мадина Акрамоваи 21-сола, ки бар асари садамаи нақлиёт бо гуноҳи Расул Амонулло, писари роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумов осеб диданд, субҳи имрӯз аз шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ (ММТ) рухсатӣ шуда, дар палатаҳои умумӣ муолиҷа мегиранд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз ММТ хабар доданд.

«Маталиевро устухонҳои дасту пояш шикаста ҷиддӣ зарар дидааст ва ӯ чанд бори дигар боз ҷарроҳӣ мешавад, вазъи солимии М.Акрамова бошад, аллакай қаноатбахш аст», – гуфтанд дар марказ.

Азиза Рӯзиеваи 24-сола, боз як духтари аз ин садама соебдида аз дасту пой ва узвҳои дохилӣ ҷароҳати ҷиддӣ бардошта, то ҳол дар шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, яке аз хешони ҷабрдида Маталиев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки «муддати панҷ рӯз баъди садама ҳеҷ касе аз намояндагони аҳли оилаи Ҳукумовҳо ба аёдати ҷабрдидагон наомадаанд, ки ҳадди ақал онҳоро аз ҷиҳати маънавӣ дастгирӣ кунанд».

Ёдрас мекунем, ки бар асари

садамаи нақлиёти фоҷеабор

, ки шоми рӯзи 9-уми октябр  дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дод, се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд.

Пас аз баргузор намудани амалиёти тафтишотӣ аз ҷониби кормандони милиса бо мақсади муайян кардани гунаҳкорони садамаи фоҷебаор, ки шоми рӯзи 9-уми октябр дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дод, ошкор шудааст, ки

гунаҳкори ин садама

Расул Амонуллои 16-сола будааст.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...