Кумаки «Амонатбонк» ба мактаб-парваришгоҳ ба муносибати Иди Қурбон

Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ба муносибати фарорасии Иди Қурбон ба мактаб-парваришгоҳ барои ятимону бепарасторони рақами 1-и ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 7475 сомонӣ кумаки хайрия расонид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти бонк, «Амонатбонк» аз моҳи августи соли 2007 бо амри президенти кишвар сарпарасти ҳамешагии мактаб парваришгоҳ барои ятимону бепарасторони рақами 1- н. Рӯдакиро ба ӯҳда […]

ASIA-Plus


Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ба муносибати фарорасии Иди Қурбон ба мактаб-парваришгоҳ барои ятимону бепарасторони рақами 1-и ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 7475 сомонӣ кумаки хайрия расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти бонк, «Амонатбонк» аз моҳи августи соли 2007 бо амри президенти кишвар сарпарасти ҳамешагии мактаб парваришгоҳ барои ятимону бепарасторони рақами 1- н. Рӯдакиро ба ӯҳда дошта, давоми 5 сол дар ҳама ҷашну идҳои маросимиву давлатӣ ба ин даргоҳи таълимӣ кумак мерасонад.

«Кумак аз маводи хӯрокворӣ, аз ҷумла  орду равған, биринҷу маҳсулоти қаннодӣ, гӯшту сабазавот иборат буда, барои таълимгирандагони ин мактаб-парваришгоҳ саривақтӣ ва бамаврид буд. Маблағи умумии ин кумак  7475 сомониро ташкил медиҳад», – зикр мегардад дар иттилои хадамоти матбуоти бонк.

Зимнан зикр мегардад, ки аз оғози соли ҷорӣ то ба имрӯз кумаки Бонк ба ин мактаб-парваришгоҳ 65 ҳазору 956 сомониро ташкил додааст. Роҳбарияти Раёсати Амонатбонк тасмим гирифтааст, ки дар оянда барои беҳдошти вазъи хобгоҳу таъмин намудани ин муассиса бо ҷиҳози лозима ва саривақт ҳал кардани мушкилоти  таълимгирандагони ин муассисаи таълимиву тарбиявӣ саҳмгузор бошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.