Рақобати боксиёни тоҷик барои дарёфти медалҳои Чемпионати ҷаҳон

Имрӯз дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс – 2013 (AIBA) оғоз гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дабири кулли Федератсияи бокси ҶТ Аббос Неъматуллоев хабар дод, дар ин мусобиқот Тоҷикистонро 7 варзишгар намояндагӣ мекунанд. «Дар вазни то 52 кило имрӯз дар вохӯрии нахуст Шаҳриёр Аҳмедов бо боксчии украинӣ Александр Шепелюк рақобат мекунад», […]

Ҳайдар Шодиев


Имрӯз дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс – 2013 (AIBA) оғоз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дабири кулли Федератсияи бокси ҶТ Аббос Неъматуллоев хабар дод, дар ин мусобиқот Тоҷикистонро 7 варзишгар намояндагӣ мекунанд. «Дар вазни то 52 кило имрӯз дар вохӯрии нахуст Шаҳриёр Аҳмедов бо боксчии украинӣ Александр Шепелюк рақобат мекунад», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, дар вазни то 56 кило муштзани тоҷик Ораз Афзалшоев рӯзи 17-уми октябр дар вохӯрии нахуст бо варзишгари озарбоҷонӣ Ҷовид Чалабиев қувваозмоӣ намуда, иштирокчии Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Анвар Юнусов дар вазни то 60 кило мутобиқи қуръапартоӣ мусобиқотро якбора аз даври дуюм рӯзи 20-уми октябр оғоз намуда, ғолиби вохӯрии Майкл Александер (Тринидад ва Тобаго) – Дайсуке Нариматсу (Ҷопон) рақиби ӯ хоҳад шуд.

«Дар вазни то 64 кило варзишгари тоҷик Шавкатҷон Раҳимов рӯзи 15-уми октябр бо Адилсон Ҷустино (Ангола) рақобат карда, якбора аз даври дуюм боксчии тоҷик Наврӯз Ҷафоев ғолиби вохӯрии Азизбек Абдуғаффоров (Ӯзбекистон) – Ҷоветт Ҷин (ҷазираҳои Сейшел)-ро интизор хоҳад буд», – гуфт дабири кулли федератсия.

Ба қавли Неъматуллоев, аз намояндагони Тоҷикистон нахустин шуда Ҷаҳон Қурбонови 26-сола (вазни 91 кило) имрӯз бо боксчии гурҷӣ Леван Гуледани ба рақобат мепардозад. «Дар вазни зиёда аз 91 кило Меҳроҷиддин Каримов 21-сола дар вохӯрии нахуст бо боксчии Ҳиндустон Кумар Сатиш қувваозмоӣ мекунад», – афзуд номбурда.

Мусобиқоти XVII-уми Чемпионати ҷаҳони оид ба бокс (AIBA) миёни калонсолон аз 14 то 26-уми октябр дар шаҳри Алмаато баргузор мешавад. Дар ин мусобиқоти 576 нафар варзишгарон аз 118 кишвари дунё ширкат меварзанд. Зимни мусобиқот дар маҷмӯъ барои дарёфти 10 комплекти медалҳо рақобатҳо сурат мегиранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.