Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо Иди Қурбон табрик кард


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тоҷикистониёнро бо фарорасии Иди Қурбон табрик кард.

Дар паёми табрикотии сарвари давлат аз ҷумла зикр мегардад, ки ин ид аз беҳтарин арзишҳои инсонпарварию мардумнавозӣ саршор буда, дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, ҷаҳду талошҳои созанда ва бунёдкорона барои расидан ба зиндагии шоиста ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҷашн гирифта мешавад.

«Воқеан, ин иди саид таҷассумгари эътиқод, имон, ғояҳои олии некию адолату инсондӯстӣ, рамзи раҳму шафқат ва меҳрубонӣ ба атрофиён мебошад», – гуфта мешавад дарпаёси табрикотии Эмомалӣ Раҳмон.

Дар паём ҳамчунин баён мегардад, ки ҳаҷ, яъне зиёрати хонаи Худо рукни панҷуми дини ислом буда, дар доираи иди Қурбон ҳусни анҷом меёбад ва дар навбати худ қурбонӣ рамзи садоқату вафодорӣ ва имону тақво ба Худои таоло мебошад.

Сарвари давлат аз тамоми шаҳрвандон даъват кард, ки дар ин ид мувофиқи имкон ба қишри камбизоати аҳолӣ дасти ёрӣ даролз кунанд.

«Изҳори итминон менамоям, ки мардуми мусулмони мо ҳангоми адои намози ид барои сулҳу суботи кишварамон, ободиву осоиши мулкамон, то абад пойдор мондани ваҳдати миллиямон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон ба даргоҳи Худо дуо мекунанд», – гуфта мешавад дар паём.

spot_imgspot_img

Популярное