Дар вохӯриҳо бо интихобкунандагон, ки аз имрӯз оғоз гардиданд, номзад ба мақоми сарвари давлат, президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро шахсони боэътимоди ӯ ва раҳбарияти ҲХДТ намояндагӣ хоҳанд кард.
Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти ҲХДТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон мудом бо аҳолии кишвар вохӯриҳо гузаронида, аз мушкилоти аҳолии ҳамаи минтақаҳо ба хубӣ огаҳ аст. «Ғайр аз ин, ӯ бо масоили идоракунии давлату ҳукумат машғул буда, бо ин сабаб шахсан дар вохӯриҳо бо интихобкунандагон ҳузур дошта наметавонад», – зикр кард У.Солеҳ.
Ба гуфтаи ӯ, тамоми масоилу мушкилот ва арзу пешниҳодоти дар вохӯриҳо бо интихобкунандагон баррасишуда ба маълумоти сарвари давлат расонида хоҳанд шуд.
Имрӯз шахсони боэътимоди номзад ба мақоми президентӣ Эмомалӣ Раҳмон, фаъолони ҳизби ҳокими ҲХДТ маъракаи бузургмиқёси таблиғоти барномаи пешазинтихоботии ӯ дар тамоми манотиқи ҷумҳуриро оғоз мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, ҳар як номзади расман ба мансаби президентӣ сабтиномшуда ба ҷалби 15 нафар шахсони боэътимод ҳуқуқ дорад.
Шахсони боэътимоди номзади ҲХДТ ба мансаби президентӣ Эмомалӣ Раҳмон муаллифи гимни ҷумҳурӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Хурсанд Аъзамов, муовини ректори Донигоҳи давлатии Хоруғ Назрӣ Офаридаев, директори мактаби таҳсилоти умумии №3-и ноҳияи Рашт Аъзам Ҳасанов, шоира, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Хубони порсигӯ» Меҳринисо Бобобекова, раиси шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аҳмадҷони Раҳматзода, директори Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи улуми ҶТ Абдувоҳид Шамолов, профессор Одил Нодиров, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Меҳрубон Мирзоева, муовини ректори ДМТ Ашӯрбой Солиев, директори Маркази исломшиносии назди президенти ҶТ Муродулло Давлатов, дотсенти факултаи рӯзноманигории ДМТ Илҳомҷон Ҳамидов, декани факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ Эмомалӣ Насриддинов ва директори Маркази миллии қонунгузории назди президенти ҶТ, профессор Маҳмад Раҳимов ба қайд гирифта шуданд.



