Мусоидати ФАО ба ҷорисозии парвариши киноа дар Тоҷикистон

Нимаи дуюми имрӯз Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ғизо (16-уми октябр) дар Душанбе як чорабинӣ доир месозад, ки дар он иштироки намояндагони дахлдори вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва рӯзноманигорон дар назар аст. Тавре аз намояндагии ФАО дар Тоҷикистон хабар доданд, мавзӯи меҳварии Рӯзи ҷаҳонии ғизо дар соли равон «Низомҳои […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми имрӯз Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ғизо (16-уми октябр) дар Душанбе як чорабинӣ доир месозад, ки дар он иштироки намояндагони дахлдори вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва рӯзноманигорон дар назар аст.

Тавре аз намояндагии ФАО дар Тоҷикистон хабар доданд, мавзӯи меҳварии Рӯзи ҷаҳонии ғизо дар соли равон «Низомҳои устувори ғизоӣ ҳамчун воситаи таъмини амнияти ғизоӣ ва истеъмоли ғизо» интихоб шудааст.

Ба иттилои манбаъ, мавзӯи асосии ин рӯз аз ҷониби ФАО бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба ин ё он ҷанбаи бартараф кардани мушкилоти гуруснагӣ ва роҳҳои ҳалли он дар саросари дунё эълон мегардад.

Гуфта мешавад, Маҷмаъи кулли СММ соли 2013-ро Соли байнулмилалии зироати киноа элон кардааст, ки ин зироат ҳамчун як таркиби низоми устувори ғизойӣ эътироф шудааст. «Ин зироати кишоварзӣ тӯли ҳазорҳо сол яке аз маҳсулоти асосии ғизойии сокинони Анд дар қитъаи Амрикои Ҷанубӣ маҳсуб ёфта, афзоиши парвариши он дар бартараф кардани гуруснагӣ, камбуди ғизо ва камбизоатӣ дар саросари ҷаҳон нақши муҳим бозида метавонад», – гуфтааст дар ин робита дабири кулли СММ Пан Ги Мун.

Зимнан зикр мегардад, ки бо ин мақсад оғози амалисозии лоиҳаи нав оид ба ҳамкории техникӣ бо ФАО дар назар аст, ки ба роҳандозии парвариши ин навъи зироат дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.

Киноа зироати ғалладона буда, барои сокинони Анд дар баробари ҷуворимаккаву картошка яке аз навъҳои асосии ғизо маҳсуб меёфтааст. Орди киноа барои истеҳсоли маснӯоти макаронӣ, нон ва дигар маҳсулоти ғизойӣ истифода бурда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.