Садамаи фоҷебаор дар Самара бо гуноҳи шаҳрванди Тоҷикистон рух дод

Бар асари садами фоҷеабор, ки рӯзи 13-уми октябр дар вилояти Самараи Русия рух дод, як шаҳрванди Тоҷикистон, сокини ноҳияи Қумсангир Аҳкомуддин Худойназарови 43-сола ба ҳалокат расидааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, ронандаи микроавтобуси ба садама дучоршуда низ шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Файзобод Дилшод […]

Аваз Юлдошев


Бар асари садами фоҷеабор, ки рӯзи 13-уми октябр дар вилояти Самараи Русия рух дод, як шаҳрванди Тоҷикистон, сокини ноҳияи Қумсангир Аҳкомуддин Худойназарови 43-сола ба ҳалокат расидааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, ронандаи микроавтобуси ба садама дучоршуда низ шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Файзобод Дилшод Сатторови 35-сола будааст, ки ҷароҳат бардошта, ба бемористон мунтақил гардидааст ва айни замон вазъи солимии ӯ қаноатбахш арзёбӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҳангоми садама дар дохили микроавтобус 14 нафар мусофирон – ронанда, 11 шаҳрванди Ӯзбекистон, 1 нафар шаҳрванди Озарбойҷон ва 1 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳузур доштаанд, ки аз шаҳри Нижний Новгород барои убури марзи Русия ба Қазоқистон раҳсипор будаанд. Дар шоҳроҳи М-32-и ин вилояти Русия бар асари бархӯрди микроавтобуси «Toyota» бо нақлиёти боркаши «Mersedes» садамаи фоҷеабор ба вуқӯъ пайваст. Ба ҷуз ронандаи микроавтобус, дигар тамоми мусофирони он ба ҳалокат расиданд.

Гуфта мешавад, муайян кардани шахсияти фавтидагон хеле душвор аст, зеро қисмати зиёди ҷисми онҳо бар асари оташ гирифтани микроавтобус сӯхтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.