Оғози вохӯриҳои номзадҳо ба мансаби президентӣ бо интихобкунандагон

Имрӯз дар Тоҷикистон маъракаи вохӯриҳои номзадҳо ба мансаби президентӣ бо интихобкунандагон оғоз мегардад. Роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин вохӯриҳо то 1-уми ноябр ҷараён хоҳанд дошт. Ба гуфтаи ӯ, нимаи аввали имрӯз дар КВД маркази равобити «Пойтахт» вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз дар Тоҷикистон маъракаи вохӯриҳои номзадҳо ба мансаби президентӣ бо интихобкунандагон оғоз мегардад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин вохӯриҳо то 1-уми ноябр ҷараён хоҳанд дошт.

Ба гуфтаи ӯ, нимаи аввали имрӯз дар КВД маркази равобити «Пойтахт» вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе доир мегардад. «Дар ин вохӯриҳо ба ҷуз номзадҳо ба мансаби президентӣ ва шахсони боэътимоди онҳо, ҳамчунин раиси КМИР ҶТ Шермуҳаммади Шоҳиён низ ширкат меварзад», – гуфт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, нимаи дуюми рӯз соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон вохӯрии номзадҳо ба мансаби президентӣ бо сокинони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар назар аст.

Додоев хотиррасон намуд, ки бо қарори КМИР, баргузор намудани чунин вохӯриҳо дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шуда, дар биноҳои мутаалиқ ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузаронидани онҳо манъ аст.

Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.