Пирӯзии мунтахаби футболи Тоҷикистон бар дастаи Қирғизистон

Дар вохӯрии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футболи Қирғизистону Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек, ки рӯзи Иди Қурбон, 15-уми октябр доир гардид, футболбозони тоҷик бар дастаи мизбон бо ҳисоби 4 бар 1 ғолиб омаданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, голҳоро аз дастаи Тоҷикистон бозингарон Нуриддин Давронов (дақиқаи 6-ум), Дилшод Восиев (дақ. 29-ум), Фарҳод Тоҳиров […]

ASIA-Plus


Дар вохӯрии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футболи Қирғизистону Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек, ки рӯзи Иди Қурбон, 15-уми октябр доир гардид, футболбозони тоҷик бар дастаи мизбон бо ҳисоби 4 бар 1 ғолиб омаданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, голҳоро аз дастаи Тоҷикистон бозингарон Нуриддин Давронов (дақиқаи 6-ум), Дилшод Восиев (дақ. 29-ум), Фарҳод Тоҳиров (дақ. 33-юм) ва Соҳиб Саванқулов (дақ. 40-ум) ба ҳадаф расониданд.

Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ футболбозони тоҷику қирғиз бори аввал дар доираи мусобиқоти давраи интихобии Ҷоми даъвати КФО-2014 санаи 21-уми март бо ҳам вохӯрда, ин бозӣ бо пирӯзии футбобзони Қирғизистон бо ҳисоби 1 бар 0 анҷом ёфта буд.

Ҳамчунин мебояд зикр намуд, ки ин вохӯрии дуюми дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти сарварии сармураббии нав Муҳсин Муҳаммадиев аст. Дар вохӯрии аввал мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дастаи мунтахаби Ҳиндустонро бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст дода буд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.