Боздошти роҳбари дастгоҳи ҲНИТ дар намози Иди Қурбон

Рӯзи сешанбе ҳангоми адои намози Иди Қурбон дар яке аз масҷидҳо роҳбари дастгоҳи ҲНИТ Воҳидхон Қосиддинов ба иттиҳоми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт шуд. Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ӯро барои он боздошт намудаанд, ки қабл аз оғози намози ид дар масҷиди ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара […]

Аваз Юлдошев


Рӯзи сешанбе ҳангоми адои намози Иди Қурбон дар яке аз масҷидҳо роҳбари дастгоҳи ҲНИТ Воҳидхон Қосиддинов ба иттиҳоми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт шуд.

Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ӯро барои он боздошт намудаанд, ки қабл аз оғози намози ид дар масҷиди ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара Қосиддинов ба суханронии имоми маҳаллӣ, ки аз мадҳу санои президент, ҳукумат ва истиқлолияти миллӣ иборат буд, луқма партофтааст.

«Қосиддинов дар баробари чанде аз бошандагони масҷид аз имом дархост намудаанд, ки ба намози ид оғоз бахшида, сипас ба суханрониаш идома диҳад, зеро бинои масҷид сард буда, ҷойи нишастаи ӯ намнок будааст», – гуфт Ҳайит.

Нисбат ба Воҳидхон Қосиддинов аз рӯи муқарраоти қонуншикании маъмурӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯро дар суд адвокат Файзинисо Воҳидова ҳимоят мекунад.

Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи

радиои «Озодӣ»

, додгоҳи Исфара бо қарори худ Воҳидхон Қосиддиновро  ба 15 рӯз ҳабс маҳкум кардааст.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти ҲНИТ бар ин назар аст, ки фишори афзоянда болои ҳизб ба рӯҳияи «Протоколи 32-20» созгор аст, ки стенограммаи ҷаласаи махфии ҳукумати ҷумҳурӣ номида шуда, баҳори соли гузашта ба ВАО роҳ ёфт. Тибқи ин ҳуҷҷат, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода шуд, ки ҷиҳати бадномкунии ҲНИТ ва аъзои он ва ҳамчунин роҳҳои аз сафҳои ҳизб хориҷ шудани аъзои он тадбирҳо андешанд.

Қобили зикр аст, ки феълан шумори аъзои ҲНИТ дар саросари кишвар беш аз 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз соли 2000 ду тан аз намояндагони ҲНИТ дар палатаи поёнии парлумони кишвар фаъолият доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.