Кордзании ҷавонон дар пойтахт рӯзи ҷашни Иди Қурбон

Date:


Рӯзи сешанбе, таҷлили Иди Қурбон кормандони милисаи пойтахт як гурӯҳи ҷавононеро боздошт намуданд, ки дар назди маркази тиҷоратии «Саодат» ба муноқиша пардохта, ҳамдигарро лату кӯб карданд. Яке аз иштирокчиёни муноқиша аз зарбаи корд ҷароҳати вазнин бардошт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар муноқишаи дастаҷамъона сокинони пойтахт Саид Қурбонов, Ҷамшед Азизови 17-сола, Азамат Идбиек, Меҳроҷ Ҳалимов, Тоҳир Ҳасани 16-сола, Диловар Шарифови 20-сола, Ҳабибулло Қаландарзорда, Отабек Ҳамдамови 18-сола, Пӯлодҷон Ҷамолиддин ва Никита Кувшиди 17-сола иштирок доштаанд.

«Дар ин муноқиша Диловар Шарипов ноболиғ Саид Қурбоновро бо корди дар дасташ буда 2 маротиба ба узвҳои баданаш задааст, ки дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуд», – зикр мегардад дар иттилои ВКД.

Гуфта мешавад, гунаҳкорони ҳодисаи мазкур дастгир карда шуда, нисбати ҳолати ҷойдошта парвандаи ҷиноӣ оғоз ва тафтиш идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

Subscribe

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...