Ҳукми ҳабси роҳбари дастгоҳи ҲНИТ ба ҷарима иваз шуд


Ҳукми ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 рӯз нисбати роҳбари дастгоҳи ҲНИТ Воҳидхон Қосиддинов барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ба ҷаримабандӣ дар ҳаҷми 400 сомонӣ иваз карда шуд.

Котиби матбуотии маъмурияти шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин қарор аз ҷониби ҳайати мушовараи суди вилояти Суғд қабул карда шудааст.

«Ҳайати мушовара бо назардошти ба гуноҳи худ иқрор шудани Қосиддинов дар вайрон кардани тартиботӣ ҷамъиятӣ, изҳори пушаймонӣ ва ба Исфара барои аёдати хеши бемор омаданаш ӯро аз ҳабси маъмурӣ озод кард», – иброз дошт Тешаев.

Ёдрас мекунем, ки

рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта

ҳангоми адои намози Иди Қурбон дар яке аз масҷидҳои ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара роҳбари дастгоҳи ҲНИТ Воҳидхон Қосиддинов ба иттиҳоми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт шуд.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти ҲНИТ бар ин назар аст, ки фишори афзоянда болои ҳизб ба рӯҳияи «Протоколи 32-20» созгор аст, ки стенограммаи ҷаласаи махфии ҳукумати ҷумҳурӣ номида шуда, баҳори соли гузашта ба ВАО роҳ ёфт. Тибқи ин ҳуҷҷат, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода шуд, ки ҷиҳати бадномкунии ҲНИТ ва аъзои он ва ҳамчунин роҳҳои аз сафҳои ҳизб хориҷ шудани аъзои он тадбирҳо андешанд.

Қобили зикр аст, ки феълан шумори аъзои ҲНИТ дар саросари кишвар беш аз 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз соли 2000 ду тан аз намояндагони ҲНИТ дар палатаи поёнии парлумони кишвар фаъолият доранд.

spot_imgspot_img

Популярное