Вохӯрии вакилони парлумон бо муҳоҷирони тоҷики муқими шаҳри Санкт-Петербург

Ҳайати вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз иншооти сохтмонии шаҳри Санкт-Петербурги Русия, ки дар он муҳоҷирони кории тоҷик фаъолият мекунанд, боздид намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, вакилон бо бинокорони тоҷик мулоқоти гарму самимӣ ороста, ба мушкилоти онҳо дар робита ба шароити кор, муносибатҳои […]

Аваз Юлдошев


Ҳайати вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз иншооти сохтмонии шаҳри Санкт-Петербурги Русия, ки дар он муҳоҷирони кории тоҷик фаъолият мекунанд, боздид намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, вакилон бо бинокорони тоҷик мулоқоти гарму самимӣ ороста, ба мушкилоти онҳо дар робита ба шароити кор, муносибатҳои меҳнатӣ бо корфармоён ва дигар мушкилиҳо дар давраи муҳоҷират таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. «Дар навбати худ муҳоҷирон иброз доштанд, ки аз муқарраоти қонунгузории Русия дар бахши муҳоҷират бахубӣ огаҳ буда, мутобиқи он фаъолияташонро ба роҳ мондаанд», – гуфт номбурда.

Ба қавли Аҳмадов, ҳайати парлумонии Тоҷикистон ҳамчунин бо роҳбари диаспораҳои тоҷикон дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Бахтибек Бердиев низ мулоқот ороста, атрофи самтҳои асосии фаъолият ва натиҷаҳои кори ин диаспораҳо табодули назар намуданд.

«Дар ҷараёни сафар ҳайати вакилони парлумони Тоҷикистон аз коллеҷи касбии №89-и шаҳри Санкт-Петербург, ки айни замон дар он 30 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба касбомӯзӣ машғуланд, низ боздид карданд», – гуфт котиби матбуотии намояндагӣ.

Қобили зикр аст, ки ҳайати вакилони парлумонро раиси Кумитаи буҷети МНМО ҶТ Сафаралӣ Раҷабов, раиси Кумитаи маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ Марҳабо Ҷабборова ва вакил Маҳмадраҳим Каримов намояндагӣ доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.