Ҳукми ҳабси роҳбари дастгоҳи ҲНИТ ба ҷарима иваз шуд

Ҳукми ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 рӯз нисбати роҳбари дастгоҳи ҲНИТ Воҳидхон Қосиддинов барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ба ҷаримабандӣ дар ҳаҷми 400 сомонӣ иваз карда шуд. Котиби матбуотии маъмурияти шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин қарор аз ҷониби ҳайати мушовараи суди вилояти Суғд қабул карда шудааст. […]

Аваз Юлдошев


Ҳукми ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 рӯз нисбати роҳбари дастгоҳи ҲНИТ Воҳидхон Қосиддинов барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ба ҷаримабандӣ дар ҳаҷми 400 сомонӣ иваз карда шуд.

Котиби матбуотии маъмурияти шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин қарор аз ҷониби ҳайати мушовараи суди вилояти Суғд қабул карда шудааст.

«Ҳайати мушовара бо назардошти ба гуноҳи худ иқрор шудани Қосиддинов дар вайрон кардани тартиботӣ ҷамъиятӣ, изҳори пушаймонӣ ва ба Исфара барои аёдати хеши бемор омаданаш ӯро аз ҳабси маъмурӣ озод кард», – иброз дошт Тешаев.

Ёдрас мекунем, ки

рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта

ҳангоми адои намози Иди Қурбон дар яке аз масҷидҳои ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара роҳбари дастгоҳи ҲНИТ Воҳидхон Қосиддинов ба иттиҳоми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт шуд.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти ҲНИТ бар ин назар аст, ки фишори афзоянда болои ҳизб ба рӯҳияи «Протоколи 32-20» созгор аст, ки стенограммаи ҷаласаи махфии ҳукумати ҷумҳурӣ номида шуда, баҳори соли гузашта ба ВАО роҳ ёфт. Тибқи ин ҳуҷҷат, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода шуд, ки ҷиҳати бадномкунии ҲНИТ ва аъзои он ва ҳамчунин роҳҳои аз сафҳои ҳизб хориҷ шудани аъзои он тадбирҳо андешанд.

Қобили зикр аст, ки феълан шумори аъзои ҲНИТ дар саросари кишвар беш аз 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз соли 2000 ду тан аз намояндагони ҲНИТ дар палатаи поёнии парлумони кишвар фаъолият доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.