Баррасии лоиҳаи минтақавии сохтмони роҳи оҳан дар Ашқобод


Дар шаҳри Ашқобод дар доираи иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи «Амнияти энергетикӣ ва рушди устувор аз дидгоҳи САҲА» Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Муовини раиси Девони Вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов мулоқот анҷом дод.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои нақлиёт, тиҷорат, иқтисод ва гуманитарӣ баррасӣ намуданд. Ҳамкориҳои ду кишвар ҷиҳати амалисозии лоиҳаи сохтмони шоҳроҳи оҳани «Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон», ки дар оянда метавонад ба ҷузъи муҳими ҳамлу нақли байналмилалии Осиёи Марказӣ мубаддал гардад, мавриди таваҷҷуҳи хоссаи тарафҳо қарор гирифт.

Дар рафти вохӯрӣ қайд гардид, ки баъд аз татбиқи лоиҳаи мазкур шароити мусоид барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми минтақа пайдо шуда, соҳаҳои гуногуни саноати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон инкишофи бештар хоҳанд ёфт.

spot_imgspot_img

Популярное