Боздиди жандармҳои фаронсавӣ аз Агентии назорати маводи нашъаовар

Чанде қабл дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р.Назаров бо ҳайати жандармерияи миллии Фаронса бо роҳбарии  генерал-майор Лоран Демолен баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Агентӣ, дар рафти вохӯрӣ  Директори Агентӣ дар бораи раванди рушди вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, инчунин саҳми […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р.Назаров бо ҳайати жандармерияи миллии Фаронса бо роҳбарии  генерал-майор Лоран Демолен баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Агентӣ, дар рафти вохӯрӣ  Директори Агентӣ дар бораи раванди рушди вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, инчунин саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ба меҳмонон муаррифӣ пешниҳод намуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар ташкили мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар, ҷараёни кор бо самтҳои мушаххаси ҳамкориҳо, аз ҷумла вазъи нашъамандии минтақаро дар соли 2014 мавриди сӯҳбат қарор доданд.Ҷаноби  Л. Демолен дар навбати худ изҳор дошт, ки Ҳукумати Фаронса барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа, алалхусус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  диққати махсус медиҳад.

Вай  миннатдории хешро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар, ки дар ин самт фаъолияти пурсамар менамоянд, изҳор намуд.  Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки ҳукумати давлати ӯ  дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба мубориза бо маводи нашъаовар ва бозомӯзии кормандони Агентӣ ёрӣ хоҳад дод.

Дар охири вохӯрӣ ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки  минбаъд низ саъю кӯшиш намоянд, то ин ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаронса дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар фаъолтар шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.