Ҳомид Карзай бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

Рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, 21-уми октябр президенти Афғонистон Ҳомид Карзай бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд,  нимаи аввали рӯзи 21-уми октябр дар шаҳри Душанбе гуфтушунидҳои Тоҷикистону Афғонистон дар сатҳи баланд доир мегарданд. «Дар Кохи миллат пас аз анҷоми дидору гуфтушуниди сарони […]

ASIA-Plus


Рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, 21-уми октябр президенти Афғонистон Ҳомид Карзай бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд,  нимаи аввали рӯзи 21-уми октябр дар шаҳри Душанбе гуфтушунидҳои Тоҷикистону Афғонистон дар сатҳи баланд доир мегарданд.

«Дар Кохи миллат пас аз анҷоми дидору гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон маросими баимзорасии бастаи созишномаҳои ҳамкории дуҷониба баргузор мешавад», – гуфтанд дар ВКХ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон ба масоили таъмини амнияти минтақавӣ, рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, транзити молу коло ва хизматгузориҳо ва густариши ҳамкориҳо миёни мақомоти интизомӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.