«Чораҳои қатъӣ»-и Талбаков оид ба ҷудосозии дин аз давлат дар сурати пирӯзӣ

Дар вохӯрии чанде қабл бо интихобкунандагони ноҳияи Синои пойтахт номзад ба мансаби президентӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков гуфтааст, дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, муҳлати хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро аз 2 то 1 сол кам карданист. Ғайр аз ин, ӯ ваъда додааст, ки дар сурати ғолиб омадан дар интихоботи президентӣ, […]

Аваз Юлдошев


Дар вохӯрии чанде қабл бо интихобкунандагони ноҳияи Синои пойтахт номзад ба мансаби президентӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков гуфтааст, дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, муҳлати хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро аз 2 то 1 сол кам карданист.

Ғайр аз ин, ӯ ваъда додааст, ки дар сурати ғолиб омадан дар интихоботи президентӣ, нисбат ба ҷудосозии дин аз давлат ва мактаб аз масҷид «чораҳои қатъӣ» хоҳад андешид. «Мардум бояд донад, ки муллогӣ касб нест ва бо хондани дуову ибодат таъмин кардани рӯзгори оила худ як гуноҳ аст», – иброз доштааст муовини раиси ҲКТ.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки дар сурати ғалаба ишғоли мансабҳои давлатӣ барои хешону наздиконашро манъ мекунад. Ба андешаи ӯ, даромади сарвари давлат ва дастаи ӯ бояд ҳарчи бештар шаффоф бошанд.

«Ба сифати президент ман оид ба қабули қонун «Дар бораи масъулияти фарзандон дар нигоҳубини падару модарони пиронсол» ташаббус нишон медиҳам. Ғайр аз ин, ман ният дорам, ки назорати шиносномавӣ дар пойтахтро пурзӯр намуда, шахсони аз манотиқи кишвар ба Душанбе омадаву бо меҳнати ғайриқонунӣ ва ба дуздиву гадоӣ машғулро аз шаҳр хориҷ созам», – гуфтааст ба интихобкунандагон Талбаков.

Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат