Моҳи сентябр интиқоли барқ ба Афғонистон 14% кам шуд

Моҳи сентябри соли равон ҳудуди 140 млн. кВт/соат нерӯи барқи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол дода шуд, ки нисбат ба моҳи августи ҳамин сол тақрибан 14% (22 млн. кВт/соат) камтар аст. Дар ин бора дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» маълумот дода мешавад. Дар ширкати «Барқи тоҷик» коҳиши ҳаҷми интиқоли барқ ба […]

ASIA-Plus


Моҳи сентябри соли равон ҳудуди 140 млн. кВт/соат нерӯи барқи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол дода шуд, ки нисбат ба моҳи августи ҳамин сол тақрибан 14% (22 млн. кВт/соат) камтар аст. Дар ин бора дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» маълумот дода мешавад.

Дар ширкати «Барқи тоҷик» коҳиши ҳаҷми интиқоли барқ ба кишвари ҳамсояро ба кам шудани воридоти маҷрои об ба обанбораи Норак маънидод мекунанд, ки ҳаҷми ҷоришавии он ба обанбор дар моҳи сентябр 521 метри мукааб дар як сонияро ташкил дода, аз нишондиҳандаи миёна 72,4 метри мукаб поинтар аст ва бо ин сабаб истеҳсоли барқ дар кишвар дар моҳи сентябр нисбат ба моҳи август 8,4% коҳиш ёфтааст.

Ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз ҳудуди 45,6 млн. кВт/соат барқ истеҳсол шудааст. Дар моҳи август ин нишондиҳанда қариб ба 50,8 млн. кВт/соат баробар буд.

Дар ҳамин ҳол, моҳи сентябр истифодаи барқ дар саросари кишвар ба беш аз 1 млрд. 225 млн. кВт/соат расидааст, ки нисбат ба моҳи август тақрибан 11% камтар мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.