Мурғоб: Анҷоми амалисозии лоиҳаи САҲА оид ба кумак ба хадамоти гумрук

Рӯзи панҷшанбе Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон амалисозии лоиҳаи панҷсола оид ба кумак ба шуъбаи хадамоти гумруки ноҳияи Мурғоби ВМКБ-ро ба итмом расонид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳаи иборат аз ду марҳила  соли 2008 оғоз гардида, ба омӯзиши хизматчиёни давлатии ВМКБ бо тарзи истифода аз […]

ASIA-Plus


Рӯзи панҷшанбе Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон амалисозии лоиҳаи панҷсола оид ба кумак ба шуъбаи хадамоти гумруки ноҳияи Мурғоби ВМКБ-ро ба итмом расонид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳаи иборат аз ду марҳила  соли 2008 оғоз гардида, ба омӯзиши хизматчиёни давлатии ВМКБ бо тарзи истифода аз воситаҳои муосири техникӣ бо мақсади ошкор намудани маводи кимиёвӣ – прекурсорҳои мавриди истифода дар истеҳсоли маводи мухаддир нигаронида шуда буд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни амалисозии лоиҳа беш аз 120 гумрукчиёни тоҷику афғон, ки 10%-ашонро занон ташкил доданд, бо методҳои ҷустҷӯву дарёфти маводи нашъаовар ва таҳлилу идоракунии хатарҳо аз наздик ошно гардиданд. Ғайр аз ин, шуъбаи хадамоти гумруки ноҳияи Мурғоб бо таҷҳизоти махсус ва воситаҳои нақлиёт таъмин карда шуд.

«Бо назардошти афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли бор аз Чин ба ВМКБ ва дигар манотиқи Тоҷикистон, бо дархости хадамоти гумруки Тоҷикистон моҳи октябри соли 2013 терминали муосири назоратӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки буҷети лоиҳа ҳудуди 1 млн. евроро ташкил дода, аз ҷониби ҳукуматҳои Ҷопон, Олмон, Белгия ва Норвегия маблағгузорӣ шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.