А.Достиев: Тоҷикистону Русия дӯстии чандинасраашонро гиромӣ медоранд

Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 95-умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлатии геологиву иктишофии ба номи Серго Орҷоникидзеи Русия ширкат варзид. Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни сухаронӣ дар ин чорабинӣ Достиев зикр кардааст, ки Тоҷикистон ба ҳамкориҳои байнидавлатӣ […]

ASIA-Plus


Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 95-умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлатии геологиву иктишофии ба номи Серго Орҷоникидзеи Русия ширкат варзид.

Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни сухаронӣ дар ин чорабинӣ Достиев зикр кардааст, ки Тоҷикистон ба ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо Русия, бахусус дар самти тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби сатҳи баланд таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, имрӯз дастпарварони ин донишгоҳ дар кишварҳои паҳнои собиқи шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ муваффақона фаъолият доранд.

«Имрӯз ҳам дар ин муассисаи таълимӣ шумори зиёди донишҷӯён ва аспирантҳои Тоҷикистон таҳсил доранд ва чун қисмати зиёди Тоҷикистонро кӯҳсор ташкил дода, он аз захираи канданиҳои фоиданок ғанӣ аст, кишвари мо ба мутахассисони бахши геологияву иктишоф ниёз дорад», – зикр кардааст сафир.

Ба гуфтаи манбаъ, сипас сафир ба ҳозирин роҷеъ ба самтҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия маълумот дода, изҳор намудааст, ки имрӯз кишварҳоро ҳамкориҳои гуноугунҷанбаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, фарҳангиву илмӣ, заминаи густардаи қарордодиву ҳуқуқӣ, мавқеи ягона дар ҳалли мушкилоти минтақавиву ҷаҳонӣ ва ғайра муттаҳид месозад.

«Мо тӯли асрҳост, ки бо Русия муносибатҳои дӯстона дорем ва ҷонибҳо ба ин муносибатҳо арҷ гузошта, онро гиромӣ медоранд», – таъкид доштааст Достиев.

Зимнан зикр гардид, ки дар доираи ин чорабинӣ Достиев ҳамчунин бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот ороста, бо онҳо атрофи дурнамои рушди бахши геология дар Тоҷикистон табодули назар намудааст. «Ҳамаи шумо оянда соҳиби диплому касбҳои гуногун дар бахши геология мегардед ва кишвар аз шумо умедҳои зиёд дорад», – иброз дошт сафир.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.