Дар зарфи 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 353 ҳазору 502 тонна ангишт истихроҷ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53 ҳазору 91 тонна зиёдтар аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд, сабаби афзоиши ҳаҷми истихроҷи ангишт дар он аст, ки аксари корхонаҳои саноатии кишвар ба ивази истифодаи гази табиӣ ба сифати сӯзишворӣ ба истифодаи ангишт гузаштанд.
«Корхонаҳои бузурги саноатӣ, ки қаблан ба сифати сӯзишворӣ газро истифода мекарданд, қисман ба истифодаи ангишт гузаштанд, – гуфтанд дар взаорт. – Масалан, ширкати алюминии «ТАЛКО» ба туфайли насби як таҷҳизоти махсус ангиштро ба газ табдил медиҳад ва чанде қабл корхонаи «Тоҷиксемент» низ як оташдон бо истифода аз ангиштро бунёд намуда, бори нахуст тӯли 10 моҳ ба истеҳсоли семент дубора шурӯъ кард».
Ба иттилои манбаъ, феълан ҳаҷми умумии захираҳои ангишт дар конҳои ангишти Тоҷикистон тақрибан 4 млрд. 500 млн. тонна арзёбӣ мешаванд.
Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2007 беш аз 150 корхонаи саноатии ҷумҳурӣ ба истифодаи ангишт ба сифати сӯзишворӣ гузаштанд. Ғайр аз ин, чандин корхонаҳое мавриди истифода қарор гирифтанд, ки аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мекунанд.
Аҳолии кишвар низ яке аз истеъмолгарони бузурги ангишт мебошад. Бар асари камбуди барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон сокинони деҳот барои гарм нигоҳ доштани манзил ва тайёр кардани ғизо бештар аз ангишт истифода мекунанд.



