Ҳаҷми ММД дар 9 моҳи соли равон 7,4% афзуд

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ 27,6 млрд. сомонӣ (ҳудуди 5,8 млрд. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4% зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми ММД-и кишвар дар нархҳои қиёсшаванда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,4%-ро ташкил медиҳад. Гуфта […]

ASIA-Plus


Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ 27,6 млрд. сомонӣ (ҳудуди 5,8 млрд. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми ММД-и кишвар дар нархҳои қиёсшаванда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,4%-ро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, сохтори ММД дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ тариқи зайл аст: истеҳсоли маҳсулот – 42,8%, хизматгузорӣ – 44,3% ва андоз – 12,9%.

Қобили зикр аст, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии ММД дар соли 2013-ро дар сатҳи 40 млрд. сомонӣ (8,7 млрд. $) пешгӯи мекунад, ки нисбат ба соли гузашта 11% бештар аст. Ҳаҷми ММД Тоҷикистон дар соли гузашта 36,1 млрд. сомонӣ (7,6 млрд. $)-ро ташкил дода буд, ки дар қиёс бо нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 7,5% зиёдтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.