Дар Тоҷикистон тадриҷан аз истифодаи газ даст мекашанд

Дар зарфи 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 353 ҳазору 502 тонна ангишт истихроҷ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53 ҳазору 91 тонна зиёдтар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд, сабаби афзоиши ҳаҷми истихроҷи ангишт дар он аст, ки аксари корхонаҳои саноатии кишвар ба ивази […]

Заррина Эргашева


Дар зарфи 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 353 ҳазору 502 тонна ангишт истихроҷ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53 ҳазору 91 тонна зиёдтар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд, сабаби афзоиши ҳаҷми истихроҷи ангишт дар он аст, ки аксари корхонаҳои саноатии кишвар ба ивази истифодаи гази табиӣ ба сифати сӯзишворӣ ба истифодаи ангишт гузаштанд.

«Корхонаҳои бузурги саноатӣ, ки қаблан ба сифати сӯзишворӣ газро истифода мекарданд, қисман ба истифодаи ангишт гузаштанд, – гуфтанд дар взаорт. – Масалан, ширкати алюминии «ТАЛКО» ба туфайли насби як таҷҳизоти махсус ангиштро ба газ табдил медиҳад ва чанде қабл корхонаи «Тоҷиксемент» низ як оташдон бо истифода аз ангиштро бунёд намуда, бори нахуст тӯли 10 моҳ ба истеҳсоли семент дубора шурӯъ кард».

Ба иттилои манбаъ, феълан ҳаҷми умумии захираҳои ангишт дар конҳои ангишти Тоҷикистон тақрибан 4 млрд. 500 млн. тонна арзёбӣ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2007 беш аз 150 корхонаи саноатии ҷумҳурӣ ба истифодаи ангишт ба сифати сӯзишворӣ гузаштанд. Ғайр аз ин, чандин корхонаҳое мавриди истифода қарор гирифтанд, ки аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мекунанд.

Аҳолии кишвар низ яке аз истеъмолгарони бузурги ангишт мебошад. Бар асари камбуди барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон сокинони деҳот барои гарм нигоҳ доштани манзил ва тайёр кардани ғизо бештар аз ангишт истифода мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.