Тайи ду ҳафтаи ахир дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории пойтахт нархи гази моеъ ба андозаи 12% ва бензин – 3-5% боло рафт.
Агар моҳи сентябр 1 литр гази моеъ 2,7 сомонӣ ва ду ҳафтаи қабл 1 литр бензини навъи Аи-92 6,20 сомонӣ арзиш дошт, пас имрӯз нархи онҳо мутаносибан 3,20-3,30 ва 6,40 сомониро ташкил медиҳад.
Дар шарҳи ин масъала ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки бинобар сабаби таъмири мавсимӣ фаъолияти яке аз корхонаҳои бузурги коркради гази моеъи Қазоқистон қатъ гардида, дигар корхонаҳо нархҳоро каме боло бурданд ва ин ба болоравии нархи гази моеъ дар Тоҷикистон боис гардидааст. «Ғайр аз ин, ба арзиши маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон боҷи содиротии Русия низ таъсиргузор аст», – гуфтанд дар вазорат.
Коршиносон шубҳа надоранд, ки бо назардошти наздикшавии фасли зимистон болоравии нархҳо ба сӯзишворӣ идома меёбад, зеро агар тобистон арзиши як тонна гази моеъи Қазоқистон то марзи Тоҷикистон (бидуни назардошти расмиёти гумрукӣ ва андоз) аз 650 доллари ИМА зиёдтар набуд, пас имрӯз нархи ҳамин миқдор гази моеъи Қазоқистон аллакай ба 850-860 доллари ИМА баробар шудааст. Нархи бензини аз Русия воридшуда кайҳо марзи 1 ҳазору 300 доллари ИМА барои як тоннаро убур намуда, соли ахир арзиши он ба андозаи 150 $ боло рафт.
Дар ҳамин ҳол, дурнамои содироти бебоҷи маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон то ҳанӯз номаълум аст. Созишномаи дахлдор дар ин хусус моҳи феврал ба имзо расида, вале то ҳанӯз мавриди амал қарор нагирифтааст. Ҳукумати Тоҷикистон созишномаро моҳи май тасдиқ намуд, вале аз ҷониби ҳукумати Русия ин санад ҳанӯз ба тасвиб нарасидааст.
Мушовири шуъбаи робита бо ҷомеаи Вазорати энергетикаи Русия Александр Кременеский ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки созишнномаи мазкур мавриди баррасӣ дар ҳукуматиРусия қарор дошта, сипас онро президент ва Маҷлиси Федералӣ баррасӣ мекунанд. «Аз муҳлатҳои мушаххаси анҷоми он огаҳӣ надорам», – гуфт номбурда.
Қобили зикр аст, ки пас аз ҷорӣ шудани пардохти боҷӣ содиротӣ ба маҳсулоти нафтии Русия барои Тоҷикистон, таъсири он ба нишондиҳандаҳои воридоти сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза зоҳир гардид. Масалан, ҳиссаи Русия дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон аз 92%-и соли 2010 имрӯз то ба 38% поин рафт.
Моҳҳои ахир дар ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон кишвари ҳамсояи Қирғизистон пешсаф шуд, ки ҳиссаи он дар бозор 43,2%-ро ташкил медиҳад. Қирғизистон низ ба Тоҷикистон сӯзишвории Русияро интиқол медиҳад. Ин ба он вобаста аст, ки Қирғизистон аз Русия маҳслуоти нафтиро бидуни боҷи содиротӣ дастрас намуда, сипас онро бо нархи нисбатан арзон ба кишварҳои сеюм интиқол медиҳад.
Тайи 8 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 248 ҳазору 441 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 ҳазор тонна зиёдтар аст. Нархи миёнаи сӯзишвории воридшуда барои 1 тонна 1 ҳазору 51 доллари ИМА-ро ташкил дод.
Дар ин давра ба Тоҷикистон аз Русия бо нархи 1 ҳазору 230 доллари ИМА барои 1 тонна 94, 1 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ интиқол дода шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 52 ҳазор тонна камтар аст. Ҳаҷми воридот аз Қирғизистон дар ин давра 107 ҳазору 389 тонна (бо нархи 899 $ барои 1 тонна)-ро ташкил дод, ки дар қиёс бо соли гузашта 85,4 тонна зиёдтар аст.
Ғайр аз ин, дар ин давра ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 18,2 ҳазор тонна (нархи миёна 1 ҳазору 345 $ барои 1 тонна) аз Туркманистон ва дар ҳаҷми 16,2 ҳазор тонна (нархи миёна 847 $ барои 1 тонна) аз Қазоқистон низ сӯзишворӣ ворид карда шуд.



