Таҳияи замимаи мобилии азхудкунии забони русӣ барои муҳоҷирони тоҷик

Барои муҳоҷирони кории тоҷик ҷиҳати азхудкунии забони русӣ замимаи мобилӣ таҳия гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, экспресс-курс барои дастгоҳҳои мобилӣ, ки махсус барои омодагӣ ба санҷиши донистани забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ таҳия шудааст, ба осон азхудкунии забон мусоидат менамояд. Замима аз курси омӯзишиии иборат […]

ASIA-Plus


Барои муҳоҷирони кории тоҷик ҷиҳати азхудкунии забони русӣ замимаи мобилӣ таҳия гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, экспресс-курс барои дастгоҳҳои мобилӣ, ки махсус барои омодагӣ ба санҷиши донистани забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ таҳия шудааст, ба осон азхудкунии забон мусоидат менамояд.

Замима аз курси омӯзишиии иборат аз 30 машғулият иборат буда, аз ҷониби кормандони лоиҳаи «Россия для всех» (Русия барои ҳама) ва мутахассисони Маркази маориф ва фарҳанги «Гринт», ки узви Низоми давлатии русиягии санҷиши шаҳрвандони хориҷӣ оид ба донистани забони русӣ аст, таҳия гардидааст.

Замимаро метавон дар низоми амалиёти мобилии Android 1.6. ва аз ин сатҳ баландтар

аз сурогаи зерин

насб намуд. Айни замон замимаи забони тоҷикиву русӣ пешниҳод гардида, минбаъд бо дигар забонҳо низ таҳия мегардад.

«Аксари муҳоҷирони кории мо аз субҳ то шоми дер машғули коранд ва барои таҳсил дар курсҳои омӯзиши забони русӣ, ҳатто ройгон ҳам вақти холӣ намеёбанд ва ин замима ба онҳо имкон медиҳад, ки дар ҳама гуна вақти қулай барои худашон ба омӯзиши забони русӣ машғул шаванд. Барои ин танҳо телефони мобилӣ бо дастрасӣ ба Интернет доштан зарур аст, ки айни замон ҳеҷ мушкилие надорад», – иброз дошт Эгамзод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова