Мизи гирд дар Пекин ба муносибати раёсати Тоҷикистон дар СҲШ

Дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Чин ба муносибати раёсати Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро ба уҳда гирифтани Тоҷикистон як мизи гирд доир гардид. Толори сафоратхона бо мизҳои пур аз мева ва сабзавоти тару тозаи Тоҷикистон ороста шуда буданд. «Интизорӣ меравад, ки соли 2014 нишасти СҲШ дар Душанбе аввали тирамоҳ доир мегардад ва ин ҷо мо аз меваҳои […]

ASIA-Plus


Дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Чин ба муносибати раёсати Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро ба уҳда гирифтани Тоҷикистон як мизи гирд доир гардид.

Толори сафоратхона бо мизҳои пур аз мева ва сабзавоти тару тозаи Тоҷикистон ороста шуда буданд. «Интизорӣ меравад, ки соли 2014 нишасти СҲШ дар Душанбе аввали тирамоҳ доир мегардад ва ин ҷо мо аз меваҳои тару тозаи Тоҷикистон намунаҳо пешкаш кардем, ки маҳз аввали фасли тирамоҳ Тоҷикистон аз онҳо саршор аст», – изҳор намуд ба ҳозирин сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов.

Дабири кулли СҲШ Мезентсев ба ташкили ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви СҲШ (Душанбе, 9-11-уми октябр) баҳои баланд дода, изҳор намуд, ки яке аз вазифаҳои муҳими СҲШ дарёфти роҳу воситаҳои ташаккули стратегияи рушди созмон дар даҳсолаи наздик мебошад.

Директори Пажуҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академия илмҳои ҷамъиятӣ профессор Ли Юнсюан пешниҳод кард, ки мебояд як қатор чорабиниҳо аз қабили мизи гирду конфронсу сипозиумҳо доир намуд, то ки олимони кишварҳои узви созмон оид ба тарзу воситаҳо ва чӣ гунаву ба кадом самт рушд кардани созмон табодули назар кунанд.

Бо ҷонибдорӣ аз ин пешниҳод роҳбари департаменти лоиҳаҳои махсуси Радиои байнулмилалии Чин Фан Бинбин зикр кард, ки ҷалби ҳарчи бештари васоити ахбори умум ба инъикоси ҳамаҷонибаи фаъолияти СҲШ мвофиқи мақсад аст. «Табодули маълумот зарур аст, то ки он барои ҳама дастрасу дар тамоми кишварҳо паҳн шавад», – иброз дошт ӯ.

Дар ҷараёни кори мизи гирд оид ба фаъолияти минбаъда ва рушди СҲШ чандин ақидаҳои ҷолиб пешниҳод гардиданд, ки шояд ояндаи наздик ҷомаи амал пӯшанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.