Кумаки моддии Ҳукумовҳо ба наздикони ҷабрдидагон аз садама

Оилаи Ҳукумовҳо, ки бо гуноҳи писари 16-солаи ин хонадон дар пойтахт як садамаи фоҷебаор ба вуқӯъ пайваст, ба наздикони ҷабрдидагон аз ин садама кумак кардаанд. Шасхони аз ин садама зиндамонда чун пешина дар ҳолати вазнин дар Маркази миллии тиббӣ қарор доранд. Шокира Маҳкамова, модари яке аз ҷабрдидагон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, […]

Ниҳонӣ Қадамова


Оилаи Ҳукумовҳо, ки бо гуноҳи писари 16-солаи ин хонадон дар пойтахт як садамаи фоҷебаор ба вуқӯъ пайваст, ба наздикони ҷабрдидагон аз ин садама кумак кардаанд. Шасхони аз ин садама зиндамонда чун пешина дар ҳолати вазнин дар Маркази миллии тиббӣ қарор доранд.

Шокира Маҳкамова, модари яке аз ҷабрдидагон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки аз оилаи Ҳукумовҳо онҳо 800 доллари ИМА маблағ гирифтаанд. «Нахуст ба мо 200, сипас 400 ва ду рӯз қабл барои ҷарроҳии писарам боз 200 доллари ИМА доданд», – гуфт ӯ ва илова намуд, ки бо назардошти бад шудани вазъи солимии писараш, ӯро дубора ба шуъбаи эҳёгарӣ (реаниматсия) гузаронидаанд.

Ба қавли ӯ, ба оилаҳои ҷабрдидагон Азиза Рӯзиева ва Мадина Аҳмедова ҳам Ҳукумовҳо ҳамин миқдор маблағ кумак кардаанд, вале шахсоне, ки  маблағи пулиро супурдаанд, аз ифшои ному насбашон худдорӣ кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор, ки шоми рӯзи 9-уми октябр  дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дод, се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд.

Дар рух додани ин садама Расули Амонулло, писари 16-солаи раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумов гумонбар дониста мешавад. То ҳанӯз дар бораи макони будубоши гунаҳкори садама

маълумоти мухталиф

дода мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.