Барои муҳоҷирони кории тоҷик ҷиҳати азхудкунии забони русӣ замимаи мобилӣ таҳия гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, экспресс-курс барои дастгоҳҳои мобилӣ, ки махсус барои омодагӣ ба санҷиши донистани забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ таҳия шудааст, ба осон азхудкунии забон мусоидат менамояд.
Замима аз курси омӯзишиии иборат аз 30 машғулият иборат буда, аз ҷониби кормандони лоиҳаи «Россия для всех» (Русия барои ҳама) ва мутахассисони Маркази маориф ва фарҳанги «Гринт», ки узви Низоми давлатии русиягии санҷиши шаҳрвандони хориҷӣ оид ба донистани забони русӣ аст, таҳия гардидааст.
Замимаро метавон дар низоми амалиёти мобилии Android 1.6. ва аз ин сатҳ баландтар
аз сурогаи зерин
насб намуд. Айни замон замимаи забони тоҷикиву русӣ пешниҳод гардида, минбаъд бо дигар забонҳо низ таҳия мегардад.
«Аксари муҳоҷирони кории мо аз субҳ то шоми дер машғули коранд ва барои таҳсил дар курсҳои омӯзиши забони русӣ, ҳатто ройгон ҳам вақти холӣ намеёбанд ва ин замима ба онҳо имкон медиҳад, ки дар ҳама гуна вақти қулай барои худашон ба омӯзиши забони русӣ машғул шаванд. Барои ин танҳо телефони мобилӣ бо дастрасӣ ба Интернет доштан зарур аст, ки айни замон ҳеҷ мушкилие надорад», – иброз дошт Эгамзод.



