КМИР: Варақаҳои интихоботӣ якчанд сатҳи ҳимоя доранд


Варақаҳои интихоботӣ барои баргузории маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон якчанд сатҳи ҳимоя доранд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки дар ин варақаҳо тасвири голографии нишонаҳои парчами кишвар – тоҷ ва ҳафт ситора ҷойгир карда мешаванд.

Додоев ҳамчунин иттилоъ дод, ки варақаҳо дар коргоҳи махсуси нашриёти «Шарқи озод» нашр мешаванд. «Мутобиқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон, 10 рӯз қабл аз рӯзи интихобот (6-уми ноябр) варақаҳо ба ҳавзаҳои интихоботӣ ва 2 рӯз пеш аз интихобот варақаҳо ба қитъаҳои интихоботӣ расонида шуда, таҳти ҳимояву посбонии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қарор мегиранд», – иброз дошт ӯ.

Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.

spot_imgspot_img

Популярное