Дар Рашт хирс сагро ҳалок ва ноболиғро маҷрӯҳ кард

Рӯзи 18-уми октябри соли равон Ҷамолов Абдуҷабори 15-сола, сокини деҳаи Калназари ноҳияи Рашт, ба кӯҳи ҷамоати деҳоти Оби Меҳнат раҳсипор гашта,  ба ҷамъоварии чормағз машғул буд. Ҳангоми саргарми кор будан, нобаҳангом хирсе пайдо мегардад, ки якбора ба саги Абдуҷабор ҳамла намуда, дар як лаҳза ӯро бо зарбаи панҷаи худ ба ҳалокат мерасонад. Сипас ба ноболиғ […]

ASIA-Plus


Рӯзи 18-уми октябри соли равон Ҷамолов Абдуҷабори 15-сола, сокини деҳаи Калназари ноҳияи Рашт, ба кӯҳи ҷамоати деҳоти Оби Меҳнат раҳсипор гашта,  ба ҷамъоварии чормағз машғул буд.

Ҳангоми саргарми кор будан, нобаҳангом хирсе пайдо мегардад, ки якбора ба саги Абдуҷабор ҳамла намуда, дар як лаҳза ӯро бо зарбаи панҷаи худ ба ҳалокат мерасонад. Сипас ба ноболиғ ҳуҷум карда, чанд маротиба бо нохунҳояш ба сару тани ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ мерасонад. Хушбахтона Ҷамолов Абдуҷабор аз чанголи хирс раҳо ёфта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Дар ин бора сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад.

Қобили зикр аст, ки фасли тирамоҳ, фаслест, ки ҳамагон ба ғундоштани ҳосил машғуланд ва дар ин айём дар ноҳияҳои баландкӯҳ мардум ба ғундоштани чормағзу дулона ва дигар мевагиҳо саргарм мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.