КМИР: Варақаҳои интихоботӣ якчанд сатҳи ҳимоя доранд

Варақаҳои интихоботӣ барои баргузории маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон якчанд сатҳи ҳимоя доранд. Роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки дар ин варақаҳо тасвири голографии нишонаҳои парчами кишвар – тоҷ ва ҳафт ситора ҷойгир карда мешаванд. Додоев ҳамчунин иттилоъ дод, ки варақаҳо дар коргоҳи махсуси нашриёти «Шарқи озод» […]

Аваз Юлдошев


Варақаҳои интихоботӣ барои баргузории маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон якчанд сатҳи ҳимоя доранд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки дар ин варақаҳо тасвири голографии нишонаҳои парчами кишвар – тоҷ ва ҳафт ситора ҷойгир карда мешаванд.

Додоев ҳамчунин иттилоъ дод, ки варақаҳо дар коргоҳи махсуси нашриёти «Шарқи озод» нашр мешаванд. «Мутобиқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон, 10 рӯз қабл аз рӯзи интихобот (6-уми ноябр) варақаҳо ба ҳавзаҳои интихоботӣ ва 2 рӯз пеш аз интихобот варақаҳо ба қитъаҳои интихоботӣ расонида шуда, таҳти ҳимояву посбонии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қарор мегиранд», – иброз дошт ӯ.

Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.