ҲНИТ аз иштирок дар интихобот худдорӣ мекунад

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз иштирок дар маъракаи интихоботи президентии ба санаи 6-уми ноябр таъиншуда худдорӣ мекунад. Дар Баёнияи муштараки Шурои сиёсии ҲНИТ ва номзади ягонаи ИНИТ дар ин робита зикр мегардад, ки Шурои сиёсии ҲНИТ ва номзад Ойниҳол Бобоназарова вазъи ба вуҷуд омада дар раванди интихоботи президентиро баррасӣ намуда, бо сабаби сабти ном нашудани […]

Меҳрангез Турсунзода


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз иштирок дар маъракаи интихоботи президентии ба санаи 6-уми ноябр таъиншуда худдорӣ мекунад.

Дар Баёнияи муштараки Шурои сиёсии ҲНИТ ва номзади ягонаи ИНИТ дар ин робита зикр мегардад, ки Шурои сиёсии ҲНИТ ва номзад Ойниҳол Бобоназарова вазъи ба вуҷуд омада дар раванди интихоботи президентиро баррасӣ намуда, бо сабаби сабти ном нашудани номзад, аз ширкат дар интихобот худдорӣ менамоянд.

«Мавқеъи Шурои сиёсии ҲНИТ ва номзад оид ба натиҷаҳои интихобот пас аз ҷамъбасти расмии он эълон хоҳад шуд», – гуфта мешавад дар Баёния.

Дар ҳамин ҳол, зимни суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» узви Шӯрои олии ҲНИТ ва муовини раиси ҳизб Маҳмадалии Ҳайит дар ин робита изҳор намуд, ки «худдорӣ варзидан аз иштирок дар интихобот маънои онро надорад, ки ҲНИТ онро таҳрим (бойкот) мекунад, аммо дар маъракаи интихоботӣ аъзои Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз овоздиҳӣ даст мекашанд».

Тавре қаблан хабар дода шуда буд, то субҳи рӯзи 11-уми октябр номзад аз ҲНИТ ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназарова миқдори зарурии имзоҳо ба ҷонибдории худ – 210 ҳазор имзоро ҷамъоварӣ карда натавонист. Роҳбари дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев хабар дод, ки номзади ҲНИТ Бобоназарова аз маъракаи интихоботӣ хориҷ карда мешавад.

Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.