Маҳбусон Тошев ва Ризоевро, ки ахири ҳафтаи гузашта ба муҳлатҳои иловагии маҳрумият аз озодӣ маҳкум карданд, аз ҳамдигар ҷудо мекунанд.
Аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки азбаски суди шаҳри Хуҷанд маҳбуси муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд Садриддин Тошевро ба муҳлати 2 соли зиндон маҳкум кард, пас аз мавриди амал қарор гирифтани ҳукм, ӯ ба Қӯрғонтеппа интиқол дода мешавад.
«Дар кишвари мо танҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа як зиндон мавҷуд аст, аз ин рӯ, пас аз мавриди амал қарор гирифтани ҳукм Тошев ба ин зиндон интиқол ёфта, ҳамҳуҷраи ӯ Суннатулло Ризоев дар Хуҷанд мемонад, зеро тибқи ҳукм, ӯ дар муассисаи ислоҳии низомаш шадид адои ҷазо мекунад»,- гуфтанд дар Сарраёсати мазкур.
Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 18-уми октябр, суди шаҳри Хуҷанд маҳбусони муассисаи ислоҳии низоми шадиди ЯС 3/3-и шаҳри Хуҷанд Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоевро мутаносибан
ба 7 ва 9 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард
. Аммо тавассути қисман ҷамъ кардан аз ҳукми қаблӣ, муҷозоти ниҳоӣ ба онҳо ба муҳлати 11 соли маҳрумият аз озодӣ – ба Тошев 2 соли аввал дар зиндон ва боқимонда дар муассисаи ислоҳии низоми махсус, ба Ризоев 11 соли пурра дар муассисаи ислоҳии низоми махсус таъин гардид.
Суд онҳоро мутобиқи тамоми айбномаҳои қаблан пешниҳодшуда – моддаи 332, қ. 2 (Кирдорҳое, ки шахси адокунандаи ҷазо дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ содир намудаааст) ва 346, қ. 2 (Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор эътироф намуд.
Маҳбусон аслан барои дар як қатор ВАО пайдо шудани сабти видеоие гунаҳкор дониста мешаванд, ки дар он зиндониён, аз ҷумла Ризоев ва Тошев дар назди камера аз истифодаи шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон сухан гуфта, осори зарбу лати гӯё аз ҷониби кормандони муассиса гирифтаашонро намоиш медиҳанд.
Тошев ва Ризоев дар қатори як гурӯҳ маҳбусон тирамоҳи соли гузашта пас аз марги маҳбус Ҳамза Икромзода аз муассисаи ислоҳии №1-и Душанбе ба муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуданд. Наздикони Ҳамза Ҳакимзода то ҳол мегӯянд, ки дар ҷисми ӯ осори возеҳи шиканҷа ва лату кӯб аён буд, аммо коршиносон сабаби марги Икромзодаро худро ба дор овехтан арзёбӣ намуданд.



