Маҳбусон Тошев ва Ризоевро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд

Маҳбусон Тошев ва Ризоевро, ки ахири ҳафтаи гузашта ба муҳлатҳои иловагии маҳрумият аз озодӣ маҳкум карданд, аз ҳамдигар ҷудо мекунанд. Аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки азбаски суди шаҳри Хуҷанд маҳбуси муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд Садриддин Тошевро ба муҳлати 2 соли зиндон маҳкум кард, […]

Меҳрангез Турсунзода


Маҳбусон Тошев ва Ризоевро, ки ахири ҳафтаи гузашта ба муҳлатҳои иловагии маҳрумият аз озодӣ маҳкум карданд, аз ҳамдигар ҷудо мекунанд.

Аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки азбаски суди шаҳри Хуҷанд маҳбуси муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд Садриддин Тошевро ба муҳлати 2 соли зиндон маҳкум кард, пас аз мавриди амал қарор гирифтани ҳукм, ӯ ба Қӯрғонтеппа интиқол дода мешавад.

«Дар кишвари мо танҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа як зиндон мавҷуд аст, аз ин рӯ, пас аз мавриди амал қарор гирифтани ҳукм Тошев ба ин зиндон интиқол ёфта, ҳамҳуҷраи ӯ Суннатулло Ризоев дар Хуҷанд мемонад, зеро тибқи ҳукм, ӯ дар муассисаи ислоҳии низомаш шадид адои ҷазо мекунад»,- гуфтанд дар Сарраёсати мазкур.

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 18-уми октябр, суди шаҳри Хуҷанд маҳбусони муассисаи ислоҳии низоми шадиди ЯС 3/3-и шаҳри Хуҷанд Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоевро мутаносибан

ба 7 ва 9 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард

. Аммо тавассути қисман ҷамъ кардан аз ҳукми қаблӣ, муҷозоти ниҳоӣ ба онҳо ба муҳлати 11 соли маҳрумият аз озодӣ – ба Тошев 2 соли аввал дар зиндон ва боқимонда дар муассисаи ислоҳии низоми махсус, ба Ризоев 11 соли пурра дар муассисаи ислоҳии низоми махсус таъин гардид.

Суд онҳоро мутобиқи тамоми айбномаҳои қаблан пешниҳодшуда – моддаи 332, қ. 2 (Кирдорҳое, ки шахси адокунандаи ҷазо дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ содир намудаааст) ва 346, қ. 2 (Дидаю дониста расонидани  хабари бардурӯғ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор эътироф намуд.

Маҳбусон аслан барои дар як қатор ВАО пайдо шудани сабти видеоие гунаҳкор дониста мешаванд, ки дар он зиндониён, аз ҷумла Ризоев ва Тошев дар назди камера аз истифодаи шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон сухан гуфта, осори зарбу лати гӯё аз ҷониби кормандони муассиса гирифтаашонро намоиш медиҳанд.

Тошев ва Ризоев дар қатори як гурӯҳ маҳбусон тирамоҳи соли гузашта пас аз марги маҳбус Ҳамза Икромзода аз муассисаи ислоҳии №1-и Душанбе ба муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуданд. Наздикони Ҳамза Ҳакимзода то ҳол мегӯянд, ки дар ҷисми ӯ осори возеҳи шиканҷа ва лату кӯб аён буд, аммо коршиносон сабаби марги Икромзодаро худро ба дор овехтан арзёбӣ намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.