Ҳукумати Русия тамдиди муҳлати будубоши муҳоҷирони тоҷикро маъқул шуморид

Ҳукумати Русия дароз кардани муҳлати будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русияро маъқул шуморид. Дар ин робита ба созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони ҳарду кишвар ворид намудани тағйироти дахлдор пешбинӣ мешавад. Супориши ҳукумат дар интернет-портали расмии иттилотти ҳуқуқӣ ба нашр расидааст. Лоиҳаи протоколи тағйироти дахлдор аз ҷониби Хадамоти […]

ASIA-Plus


Ҳукумати Русия дароз кардани муҳлати будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русияро маъқул шуморид.

Дар ин робита ба созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони ҳарду кишвар ворид намудани тағйироти дахлдор пешбинӣ мешавад. Супориши ҳукумат дар интернет-портали расмии иттилотти ҳуқуқӣ ба нашр расидааст.

Лоиҳаи протоколи тағйироти дахлдор аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия бо мақсади иҷрои муқаррароти Ёддошт миёни Тоҷикистону Русия оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷират, ки санаи 5-уми октябри соли 2012 зимни сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикисон ба имзо расида буд, таҳия гардидааст.

Дар ёддошт аз ҷумла мувофиқи мақсад будани таҳия ва имзои қарордоди байнулмилалӣ, ки дар он ба шаҳрванди Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Русия ба муҳлати то се сол иҷозат дода мешавад, зикр гардида буд.

Ҳамин тариқ, дар протокол ба шаҳрванди Тоҷикистон имкони гирифтани иҷозати кор ба муҳлати қарордоди меҳнатӣ ё шаҳрвандӣ-ҳуқуқии бастааш барои иҷрои кор ба муҳлати на бештар аз се сол дарҷ ёфтааст.

Ғайр аз ин, бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ба лоиҳаи протокол муқаррарот дар бораи тамдиди муҳлати будубоши муваққатии корманд дар қаламрави кишвари қабулкунанда ба муҳлати амали иҷозатнома барои кор бидуни хориҷ шудан аз қаламрави ин кишвар илова гардидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.