Идомаи тендери интихоби ширкати аудиторӣ барои БМТ

Дар Бонки миллии Тоҷикистон озмун барои интихоби ширкати аудиторӣ ҷиҳати гузаронидани аудити берунии фаъолияти бонк барои соли молиявие, ки 31-уми декабри соли 2013 анҷом меёбад, идома дорад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, шарти асосии баррасии пешниҳодҳои озмунӣ мавҷуд будани иҷозатномаи ҳуқуқи роҳандозии фаъолияти аудиторӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки аудити Бонки миллии Тоҷикистон бояд […]

ASIA-Plus


Дар Бонки миллии Тоҷикистон озмун барои интихоби ширкати аудиторӣ ҷиҳати гузаронидани аудити берунии фаъолияти бонк барои соли молиявие, ки 31-уми декабри соли 2013 анҷом меёбад, идома дорад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, шарти асосии баррасии пешниҳодҳои озмунӣ мавҷуд будани иҷозатномаи ҳуқуқи роҳандозии фаъолияти аудиторӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки аудити Бонки миллии Тоҷикистон бояд мутобиқи меъёрҳои байнулмилалии аудит доир гардида, он метавонад ҳам аз ҷониби ташкилоти аудитории дар дохили кишвар сабтиномшуда ва ҳам ташкилоти хориҷии дар Тоҷикистон иҷозатнома надошта, вале дар арсаи байнулмилалӣ эътирофшуда ва бархӯрдор аз таҷрибаи ғанӣ дар ин самт гузаронида шавад.

Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 31-уми октябри соли 2013 муқаррар шудааст. Мавриди зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2008, аз замони дар БМТ ҷорӣ гардидани баргузории аудити берунӣ мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ, арзёбии солона мудом аз ҷониби ширкати аудитории Қазоқистон – ТОО «КПМГ Аудит» гузаронида мешуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.