АНМН: Қатъи фаъолияти фоҳишахона ва фасодхонаи истеъмоли мухаддирот

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолияти фасодхонаи истеъмоли маводи нашъадор ва фоҳишахонаро ошкор ва қатъ намуданд. Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар натиҷаи санҷиши маълумоти оперативӣ дар яке аз кӯчаҳои пойтахт фаъолияти фасодхонаи истеъмоли маводи нашъадор аз байн бурда шуд. […]

ASIA-Plus


Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолияти фасодхонаи истеъмоли маводи нашъадор ва фоҳишахонаро ошкор ва қатъ намуданд.

Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар натиҷаи санҷиши маълумоти оперативӣ дар яке аз кӯчаҳои пойтахт фаъолияти фасодхонаи истеъмоли маводи нашъадор аз байн бурда шуд. Фасодхонаи маводи нашъадор дар яке аз хонаҳои шахсӣ ташкил карда шуда буд.Соҳибхона сокини 37 солаи пойтахт буда, барои содир кардани ҷиноятҳои маводи нашъадор қаблан суд шуда буд ва ба наздикӣ ба озодӣ баромада буд. Вале аз ҷинояти содиркардааш хулосаи зарурӣ набароварда, ба фаъолияти ғайриқонунии худ идома дод.

Дар лаҳзаи дастгиркунӣ дар фасодхона ду нафар дар ҳолати истеъмоли маводи нашъадор қарор доштанд. Ҳангоми азназаргузаронии фасодхона кормандони фаврӣ якчанд сӯзандору бо маводи нашъадор, ки барои истеъмол омода шуда буданд, ошкор карданд. Ҳамаи воситаҳои ошкоршуда дар ҳузури шахсони холис гирифта, барои таҳқиқ ба экспертиза фиристода шуданд. Феълан Агентӣ ҳолатҳои ҳодисаи содиршударо муайян менамояд ва оид ба ҳодисаи мазкур санҷиш идома дорад.

Ҳодисаи дуюм низ дар пойтахт ба қайд гирифта шуд. Кормандони Агентӣ фаъолияти фасодхона барои машғул шудан ба фоҳишагариро, ки дар яке аз утоқҳои хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе ташкил шуда буд,  ошкор ва қатъ намуданд. Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда – сокини 37 солаи пойтахт, ки дар ягон ҷой кору фаъолият намекунад, хонаашро барои даюсӣ ба иҷора дода буд.

Дар лаҳзаи санҷиш дар хона се зани аз 17 то 46 сола, ки аз вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба пойтахт омада буданд, инчунин се мард қарор доштанд.Нисбати соҳибхона парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 КҶ ҶТ (ташкил ва нигоҳдории фасодхона, даюсӣ) оғоз намуда, барои тарк накардани ҷои истиқомат аз вай забонхат гирифта шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.