Табодули таҷриба миёни Тоҷикистону ИА дар бахши муҳоҷират

Аз 21-уми октябр дар Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар асоси лоиҳа оид ба таҳлили маълумотҳо оид ба муҳоҷират бо мақсади табодули таҷрибаи Иттиҳоди Аврупо ва ХМ назди Ҳукумати ҶТ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ семинари иттилоотии MIEUX ба кор шурӯъ намуд, ки то 23-юми октябр идома меёбад. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи ХМ […]

ASIA-Plus


Аз 21-уми октябр дар Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар асоси лоиҳа оид ба таҳлили маълумотҳо оид ба муҳоҷират бо мақсади табодули таҷрибаи Иттиҳоди Аврупо ва ХМ назди Ҳукумати ҶТ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ семинари иттилоотии MIEUX ба кор шурӯъ намуд, ки то 23-юми октябр идома меёбад.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи ХМ назди ҳукумати ҶТ, дар кори семинар кормандони Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи он, инчунин намояндагони Иттиҳоди Аврупо бо роҳбарии сардори Шуъба оид ба ҳамкориҳои техникӣ ҷаноби Овидию Мик, намояндаи Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷиратӣ ҷаноби Альфред Вогер, намояндаи Комиссияи оид ба масъалаҳои Иқтисодии Аврупо доир ба табодули маълумотҳо ва баҳодиҳии шумораи муҳоҷирон ҷаноби Андреа Кутильо ва таҷрибаи Маҷористон дар ин самт ҷаноби Аураш Маринеску ширкат меварзанд.

Гуфта мешавад, лоиҳаи мазкур аз шаш давра иборат буда, дар яке аз давраҳои он табодули таҷрибаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мавриди омӯзиш қарор мегирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.