Оғози сохтмони корхонаи коркарди нафт дар МОИ «Данғара»

Охири ҳамин сол дар минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Данғара» сохтмони корхонаи коркарди нафт бо иқтидори истеҳсолии 1,2 млн. тонна дар як сол оғоз мегардад, ки пас аз ду соли оғози сохтмон мавриди истифода қарор мегирад. Муассисони корхонаи мазкур корхонаи муштараки «ТК-oil»-и Тоҷикистону Чин, таъсисёфта аз ҷониби ширкати тоҷикистонии ҶСП «Ҳасан ва Ко» ва ширкати Dong […]

Заррина Эргашева


Охири ҳамин сол дар минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Данғара» сохтмони корхонаи коркарди нафт бо иқтидори истеҳсолии 1,2 млн. тонна дар як сол оғоз мегардад, ки пас аз ду соли оғози сохтмон мавриди истифода қарор мегирад. Муассисони корхонаи мазкур корхонаи муштараки «ТК-oil»-и Тоҷикистону Чин, таъсисёфта аз ҷониби ширкати тоҷикистонии ҶСП «Ҳасан ва Ко» ва ширкати Dong Ying heli Investment and Development Co. Ltd.-и Чин мебошанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Ҳасан ва Ко» хабар доданд, дар марҳилаи аввал корхона – 300 ҳазор , марҳилаи дуюм – 800 ҳазор ва марҳилаи сеюм – 1,2 млн. тонна нафти хомро коркард намуда, айни замон сармоягузорон ба оғози сохтмон омодагӣ мегиранд.

«Барои корхона дар МОИ «Данғара» қитъаи замин ҷудо гардид. Таҷҳизоти корхона истеҳсоли Чин ва ашёи хом воридотӣ ва маҳаллӣ хоҳад буд. Ҳиссаи ҷонибҳо ба таври зайл тақсим шудааст: 10% ба ҷониби Тоҷикистон ва 90%-и боқимонда ба ҷониби Чин тааллуқ дорад», – гуфтанд дар ширкат.

Айни замон ширкати «Ҳасан ва Ко» дар ноҳияи Балҷувон машғули кор буда, аз соли 1995 дар кони «Бештентоқ» нафт коркард мекунад. Ин ягона корхонаи коркарди нафт дар ҷануби ҷумҳурӣ буда, иқтидори солонааш ба коркарди 12 ҳазор тонна нафт баробар аст.

Қобили зикр аст, ки сол то сол талаботи Тоҷикистон ба маҳсулоти нафтӣ меафзояд. Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисоди кишвар, имрӯз талаботи Тоҷикистон ба ин маҳсулот 1,5 млн. тонна дар як солро ташкил медиҳад. Айни замон Тоҷикистон комилан ба воридоти сӯзишворӣ аз хориҷи кишвар вобаста аст. Сӯзишворие, ки дар дохили кишвар истеҳсол мешавад, ҳамагӣ 2% аз ҳаҷми талаботи умумиро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.