Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,1 млрд. $-ро ташкил медиҳад

Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон 2, 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳаҷми ин қарз дар муқоиса бо аввали соли равон қариб 7 ҳазор $ коҳиш ёфта, нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 25,7% баробар аст. Соли равон барои пардохти қарзи беруна 82,25 млн. $ […]

Заррина Эргашева


Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон 2, 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳаҷми ин қарз дар муқоиса бо аввали соли равон қариб 7 ҳазор $ коҳиш ёфта, нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 25,7% баробар аст.

Соли равон барои пардохти қарзи беруна 82,25 млн. $ ва пардохти фоизҳо 23,34 млн. $ маблағ равона шудааст. Соли 2013 барои пардохти қарзи асосии хориҷӣ ҷудо кардани 100,4 млн. $ ва фоизҳо ҳудуди 33 млн. $ пешбинӣ шудааст.

Дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2014 ҷиҳати пардохти қарзи хориҷӣ равона гардидани 689,9 млн. сомонӣ, аз ҷумла пардохти қарзи асосӣ – 520,2 млн. сомонӣ ва фоизҳо аз қарз – 169,7 млн. сомонӣ маблағ дар назар аст. Бо ин мақсад соли 2015 – ҷудо гардидани мутаносибан 534,8 млн. сомонӣ ва 161,9 млн. сомонӣ ва соли 2016 – 582,5 млн. сомонӣ ва 154,3 млн. сомонӣ маблағҳо пешбинӣ мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.