Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Шириншо Шотемур китоби нав ба табъ расид

Нашриёти «Дониш» оид ба фаъолият ва ҳаёти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур таҳти унвони «Шириншо Шотемур в истории возрождения таджикской государственности» китоби нав ба табъ расонид, ки муаллифаш журналист ва муҳаққиқи тоҷик Қурбон Аламшоев мебошад. Директори нашриёти «Дониш» Усмон Юсуфов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки китоб ба муносибати 115-солагии Шириншо Шотемур, ки […]

Пайрав Чоршанбиев


Нашриёти «Дониш» оид ба фаъолият ва ҳаёти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур таҳти унвони «Шириншо Шотемур в истории возрождения таджикской государственности» китоби нав ба табъ расонид, ки муаллифаш журналист ва муҳаққиқи тоҷик Қурбон Аламшоев мебошад.

Директори нашриёти «Дониш» Усмон Юсуфов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки китоб ба муносибати 115-солагии Шириншо Шотемур, ки соли 2014 таҷлил мегардад, ба чоп расида, дар он ҳаёт ва фаъолияти сиёсиву иҷтимоии ӯ ба риштаи таҳлили амиқ кашида шудааст.

Ба андешаи доктори улуми таърих Ҳайдаршо Пирумшоев, дар китоби Аламшоев бори нахуст хизматҳои таърихии арбоби миллӣ, сиёсӣ ва давлатии Тоҷикистон Шириншо Шотемур комилан аз нигоҳи илмӣ арзёбӣ гардидаанд.

Ба қавли ӯ, дар асар саҳми Ш.Шотемур дар таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон ва табдили он ба ҷумҳурии мустақил (солҳои 1924-1929), фаъолияти сиёсиву маъмурии ӯ дар солҳои 30-юми асри гузашта тасвир гардида, нақши ӯ дар эҳёи давлатдории тоҷикон возеҳ мегардад.

«Муаллиф кӯшидааст, ки тамоми паҳлӯҳои бузургмиқёс ва гуногунҷанбаи фаъолияти Шириншо Шотемурро, ки баҳри амалисозии дигаргуниҳои калидӣ дар Тоҷикистолни Шӯравӣ тӯли солҳои 20-30-юми қарни гузашта равона гардида буданд, ба хонанда пешкаш намояд», – мегӯяд профессор Пирумшоев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...