БДА: Бештар донишҷӯёни ДМТ ба дарс бо автомашинаи шахсӣ меоянд

spot_imgspot_img

Дата:


Дар ҷараёни чорабинии махсуси БДА ВКД Тоҷикистон оид ба пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ҷавонону наврасон 13 нафар донишҷӯёне ошкор шуданд, ки ба дарс бо автомашинаҳои шахсӣ меоянд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз шуъбаи БДА Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ин донишҷӯён ба қонуншикани маъмурӣ даст зада, 12 нафарашон донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ва як тан толибилми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи тамоми далеҳои ба дарс бо автомашинаҳои шахсӣ ҳозир шудани донишҷӯён ба раҳбарияти муассисаи таълимӣ ва Вазорати маорифи Тоҷикистон маълумот пешниҳод мегардад. «Миёни автомашинаҳои ошкоршудаи донишҷӯён навъҳои автомобилҳои хеле гарони истеҳсоли Ҷопон ва ҳамчунин автомашинаҳои нисбатан арзонтар низ вуҷуд доранд», – гуфтанд дар шуъбаи БДА.

Чорабинии мазкур то 31-уми октябр гузаронида мешавад. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон ба муассисаи таълимӣ бо автомашина омадани донишҷӯён ва толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ  манъ аст. Ғайр аз ин, ба донишҷӯёну толибилмон истифодаи телефони ҳамроҳ ҳангоми ҷараёни таълим низ манъ шудааст.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...