БДА: Бештар донишҷӯёни ДМТ ба дарс бо автомашинаи шахсӣ меоянд

Дар ҷараёни чорабинии махсуси БДА ВКД Тоҷикистон оид ба пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ҷавонону наврасон 13 нафар донишҷӯёне ошкор шуданд, ки ба дарс бо автомашинаҳои шахсӣ меоянд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз шуъбаи БДА Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ин донишҷӯён ба қонуншикани маъмурӣ даст зада, 12 нафарашон […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷараёни чорабинии махсуси БДА ВКД Тоҷикистон оид ба пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ҷавонону наврасон 13 нафар донишҷӯёне ошкор шуданд, ки ба дарс бо автомашинаҳои шахсӣ меоянд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз шуъбаи БДА Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ин донишҷӯён ба қонуншикани маъмурӣ даст зада, 12 нафарашон донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ва як тан толибилми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи тамоми далеҳои ба дарс бо автомашинаҳои шахсӣ ҳозир шудани донишҷӯён ба раҳбарияти муассисаи таълимӣ ва Вазорати маорифи Тоҷикистон маълумот пешниҳод мегардад. «Миёни автомашинаҳои ошкоршудаи донишҷӯён навъҳои автомобилҳои хеле гарони истеҳсоли Ҷопон ва ҳамчунин автомашинаҳои нисбатан арзонтар низ вуҷуд доранд», – гуфтанд дар шуъбаи БДА.

Чорабинии мазкур то 31-уми октябр гузаронида мешавад. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон ба муассисаи таълимӣ бо автомашина омадани донишҷӯён ва толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ  манъ аст. Ғайр аз ин, ба донишҷӯёну толибилмон истифодаи телефони ҳамроҳ ҳангоми ҷараёни таълим низ манъ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.