Се соли минбаъда Тоҷикистон 371,6 млн. $ қарзи хориҷӣ дарёфт карданист

spot_imgspot_img

Дата:


Вакилони палатаи поёнии парлумон лоиҳаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшудаи Барномаи қарзи давлатии хориҷӣ барои солҳои 2014-2016-ро маъқул шумориданд.

Зимни шарҳи ин масъала ба вакилон дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор намуд, ки Барнома пеш аз ҳама ба рушди бахши кишоварзӣ, энергетика ва соҳаи иҷтимоӣ нигаронида шудааст.

Ба гуфтаи вазир, соли оянда ҳукумати ҷумҳурӣ ба иқтисоди кишвар дар ҳаҷми 168,2 млн. $, соли 2015 – 127,7 млн. $ ва соли 2016 – 81,7 млн. $ қарзи хориҷӣ ҷалб карданист, ки тӯли се соли оянда дар маҷмӯъ 371,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Вазир қайд кард, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшуда 48 млн. $ ба рушди бахши кишоварзӣ, 19,8 млн. $ ба соҳаи тандурустӣ, 15,1 млн. $ ба соҳаи маориф, 115 млн. $ ба рушди бахши энергетика ва 47 млн. $ ба соҳаи нақлиёту коммуникатсия равона хоҳад шуд. «Ҳамаи қарзҳо бо шартҳои имтиёзнок пешниҳод хоҳанд шуд», – таъкид дошт ӯ.

Ғайр аз ин, ба қавли Наҷмиддинов, давоми солҳои 2014-2016 ҳукумат аз ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ва кишварҳои ҷудогона ба маблағи 642 млн. $ бурсҳо дастрас карданист.

Вазири молия зикр кард, ки айни замон ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон 1,2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, қарздиҳандагони асосӣ ба Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва Эксимбонки Чин мебошанд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...