Баррасии масоили амнияти минтақавӣ дар вохӯрии котибони ША Русияву Тоҷикистон

Дар ҳошияи сафари дурӯзаи корӣ ба Маскав котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров бо ҳамтои русиягии худ Николай Патрушев дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Шӯрои амнияти Русия, зимни мулоқот масоили муҳими таъмини амнияти минтақавӣ ва байнулмилалӣ, аз ҷумла муқовимат ба имкони таҳдиду ситезаҷӯиҳо аз Африқои Шимоливу Шарқи Наздик ва Афғонистон мавриди баррасӣ […]

ASIA-Plus


Дар ҳошияи сафари дурӯзаи корӣ ба Маскав котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров бо ҳамтои русиягии худ Николай Патрушев дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Шӯрои амнияти Русия, зимни мулоқот масоили муҳими таъмини амнияти минтақавӣ ва байнулмилалӣ, аз ҷумла муқовимат ба имкони таҳдиду ситезаҷӯиҳо аз Африқои Шимоливу Шарқи Наздик ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар вохӯрӣ ба ҷараёни иҷрои қарорҳои иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, аз ҷумла расонидани кумак ба Тоҷикистон дар таҳкими марзи давлатӣ бо Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, ҷонибҳо зарурати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо ҳам дар доираи СААД ва ҳам дар асоси муносибатҳои дуҷонибаро таъкид намуданд.

Зикр гардид, ки Русия ба Тоҷикистон мудом дар самти мубориза бо мухаддирот кумак расонида ба туфайли он нимсолаи аввали соли равон Агентии зиддимухаддиротии Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52% бештар маводи нашъовар мусодира кардааст.

Гуфта мешавад, дар доираи ин сафар бо иштироки намояндагони ВКХ, Вазорати мудофиа, Хадамоти федералии амният, Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовар ва Хадамоти марзбонии Русия машваратҳои коршиносони Шӯрои амнияти Русияву Тоҷикистон доир гардида, намояндагони Тоҷикистон бо таҷрибаи кори дастгоҳи Шӯрои амнияти Русия оид ба масоили тарҳрезии стратегӣ, ошкор ва разёбии таҳдид ба амнияти миллӣ дар бахши иқтисод, амнияти иттилоотӣ, рушди комплекси саноати низомӣ аз наздик ошно гардиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.